Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон бо 10 қарор масъулини баландпояро таъйину барканор кард: ном ба ном

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои 10 қарор як қатор масъулини вазорату идораҳои давлатиро таъйин ва барканор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ҳамин тавр, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мусозода Зайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон озод гардид.
Музаффарзода Дилшод Музаффар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.
Ҳамчунин, Зуҳурзода Саид Холаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар ВКХ, маориф ва сохторҳои низомӣ: Раҳмон гуфт содиқона хизмат кунед
Бо қарори дигар, Аҳмадзода Орзу Ҳусейн бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Шерализода Шараф Аҳмадҷон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд.

Назирӣ Латофат Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиду ҷои ӯро Ғанизода Гулҷеҳра Самӣ гирифт.
Тағйироти кадрӣ дар вазорати маориф: Латофат Назирӣ аз мақомаш барканор шуд
Салим Фарҳод ва Имомӣ Содиқ Ашурбойзода муовинони вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.