Ғанизода Гулчеҳра Самӣ 13.12.1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1992 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм кардааст.
Фаъолияти кории мавсуф аз соли 1987 ҳамчун мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст.
Сипас, дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (1992-1997), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (1997-2000), мутахассиси дараҷаи аввали ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2000-2004), директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2004-2016) кор кардааст.
Ба ҳайси мутахассиси шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе (2016), мудири шуъбаи таъминоти методии раёсати маорифи шаҳри Душанбе (2016-2017), сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансур (2017-2019), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2019-2020) фаъолият намудааст.
Cовещание с участием заместителя премьер-министра Сатторийона Матлубахона Амонзода, министра образования и науки Мухаммадюсуфа Имомзода
Охирон вазифаи Гулчеҳра Ғанизода директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (2020- 2021) буд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 апрели соли 2021, №136)) Ғанизода Гулҷеҳра Самӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид ва дар ин стимат ҷои Латофат Назирӣ яке аз чеҳраҳои маъруфи роҳбарикунандаи соҳаи маорифи Тоҷикистонро иваз кард.