Кори мардона?! Як рӯзи аввалин зан-механик аз АМА дар аксҳо

Ҳуда ал-Матрушӣ яке аз камтарин занҳо дар Аморот аст, ки тасмим гирифтааст, ба таъмири мошинҳо машғул шавад
Sputnik
1 / 7

Ӯ мегӯяд, "Ман дар қуллаи муваффақияти кори худ ҳастам ва ин эътирофи ман аст. Бо худ ифтихор мекунам".

2 / 7

Ҳуда ал-Матрушӣ дар таъмиргоҳи хурди худ ҳамроҳ бо мардон кор мекунад

3 / 7

Дастпӯшакҳои аввалин механикзан дар АМА қариб ҳеҷ гоҳ тоза нестанд

4 / 7

Хонаводаи Матруша шубҳа доштанд, ки вай ба ҳайси устои мошин кор хоҳад кард, аммо ӯ аз падараш хоҳиш кард, ки бовар кунад ва барои кушодани тиҷорати хурдаш кумак кунад.

5 / 7

Ҳуда ал-Матрушӣ чӣ гуна таъмир кардани мошинҳоро дар устохонаи падараш омӯхтааст. Расман, ӯ дараҷаи магистрии худро дар идоракунии захираҳои инсонӣ ба итмом расонид.

6 / 7

Матрушӣ тасмим гирифтааст стереотипҳоеро, ки занон бояд танҳо дар баъзе корхонаҳо ё дар баъзе соҳаҳо кор кунанд, бишканад

7 / 7

Аввалин зан-механик дар АМА умедвор аст, ки ягона устохонаи худро ба маркази бузурги таъмир табдил диҳад ё дар Аморати Муттаҳидаи Араб шабакаи устохонаҳои таъмирро кушояд