Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Охирин хабару гузоришҳо дар бораи даъвати наваскарон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ин ҷо пайдо кунед

Ихтиёрӣ мераванд: тавсифи милисаҳо аз ҷавонони Хоруғ барои хизмат дар артиш

Милисаҳои шаҳри Хоруғ дар бораи фаъол будани ҷавонони шаҳр барои пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони РВКД дар ВМКБ, подполковники милитсия Рустам Шоҳимардонов, бо наврасону ҷавонони фаъоли шаҳри Хоруғ мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохила.
Гуфта мешавад, ки дар ин вохӯрӣ қайд гардидааст, ки муттаҳид гардидани наврасону ҷавонони фаъол баҳри ободониву созандагӣ ва саҳмгузорӣ намудан дар пешрафту тараққиёти кишварамон муддати чанд соли охир дар ҷумҳурӣ назаррас мебошад.
Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Вазорат гуфт, нақшаи даъват ба артиш 70% иҷро шуд
Фаъолияти наврасону ҷавонони шаҳри Хоруғ дар баробари дигар ҷавонони минтақаҳои кишвар низ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешрафт, ободонию созандагӣ муҳим маънидод гардид.

"Давоми фаъолияти чанд соли охир ҷавонони фаъоли шаҳри Хоруғ аз худ масъулияти баланд нишон дода, ҳангоми даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ихтиёран сафарбар карда шуданд, ки ин маҳз ватандӯстию меҳанпарастӣ ва хизмат ба Ватан-Модар арзёбӣ мегардад", - зикр шудааст дар ин нишаст.

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ, қайд гардидааст, ки имрӯз наврасону ҷавонони фаъоли шаҳри Хоруғ дар сафҳои худ толибилмон, донишҷӯёну фаъолҷавонони касбу кори гуногунро муттаҳид намудаанд ва дар пешрафти ҷомеа аз худ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Огоҳинома: дастури дастгоҳи Президент ба Раҳимзода, Раҳмон ва Мирзо дар мавриди "облава"
Манбаъ афзуда, ки дар вохӯрӣ аз номи сардори РВКД дар ВМКБ наврасону ҷавонони фаъол барои иштирок ва ишғол намудани ҷойҳои намоён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Собиқ низомӣ: барои "облава" раисони шаҳру ноҳияҳо ҷавобгаранд
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола ВМКБ нақшаи даъват ба артишро дар рӯзи аввали даъват иҷро мекунад.
Имсол низ, ВМКБ нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як рӯз 100 фоиз иҷро намуд.
Дар Тоҷикистон қаблан қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад
Агар қаблан донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, аммо тибқи тағйироти нав, ҳоло онҳо низ маҷбуранд, то як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд.
Навгониҳои соҳаи ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Илова бар ин, Тоҷикистон ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то кунун маблағи он дақиқ нест.