Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Панҷ фармони Раҳмон: мудири нави Маркази исломшиносӣ таъин шуд

Муродулло Давлатзода курсии роҳбарии ин марказро холӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апрел - Sputnik. Имрӯз раисҷумҳуруи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Чунончи, тибқи панҷ фармони президент як қатор кадрҳо таъин ва барканор шудаанд.
Ҳамин тавр, тибқи фармони рақами 165 аз 27 апрел Холиқзода Абдураҳим Ғафор директори муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин карда шуд.
Тибқи фармони дигари президент, аз ин мансаб Давлатзода Муродулло Исмат барканор гардид.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раҳмон бо 10 қарор масъулини баландпояро таъйину барканор кард: ном ба ном
Тибқи фармони дигар, Имомӣ Содиқ Ашурбойзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил озод карда шуд.

Тағйирот дар кадрҳои намояндаи Тоҷикистон дар СММ

Тибқи ду фармони дигар, Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид озод карда шуд ва Ҳикмат Ҷонибек Исмоил ба ҷои вай таъин гардид.