ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 27-уми апрел бо нашри изҳороте гуфт, ба хотири муқобила бо бемории сил дар беморхонаву зиндонҳои Тоҷикистон таҷҳизоти техникии вижаи мушаххаскунандаи ҳолатҳои бемории сил тақдим кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин кумакҳо дар доираи “Лоиҳа оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ” ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ин кишвар тақдим шудааст.
“Ба ниҳодҳои давлатӣ таҷҳизоти зерин тақдим шуд: “телефонҳои ҳушманд ва планшетҳо барои зуд дарёфт ва табобат кардани ҳолатҳои бемории сил, дастгоҳ барои гузаронидани видео-конфронсҳо ва таҷҳизот барои назорати микроиқлим иборат буда, аз ҷониби кормандони саҳроӣ ва ҳайати кормандони шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ истифода бурда мешаванд”, - зикр намудааст манбаъ.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ба феҳристи 30 кишваре шомил мешавад, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун дорои ҳолатҳои вазнини бемории сили ба доруворӣ устувор ва бемории сили ба дорувориҳои сершумор устувор муайян гардидааст.
Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон 7700 ҳолати бемории сил тахмин шудааст, ки дар натиҷа тақрибан солона 730 ҳолати фавт аз ин беморӣ қайд мешавад.
Ба иттилои Стратегияи ислоҳоти низоми адои ҷазо дар Тоҷикистон, дар зиндонҳои ин кишвар ҳоло 750 маҳбус гирифтори сил аст ва 218 нафар вируси норасоии масунияти бадан (HIV-СПИД) доранд.