ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро бо гумони қочоқи ғайриқонунии чорвои калони шохдор дастгир кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, номбурда, рӯзи 10 апрел, 48-сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқиро, ҷамъ ба маблағи 241 ҳазору 500 сомонӣ бидуни назорати гумрукӣ, бе декларатсия ва супоридани боҷи гумрукӣ, бо роҳи қочоҷ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Тибқи гузориши ВКД, 20 апрел, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, аз номбурда 48-сар чорвои калони шохдор ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.