ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Камхобӣ хатари гирифторӣ ба норасоии ҷинсиро дар занон меафзояд, менависад "Популярная механика" бо истинод ба олимони ИМА.
Муҳаққиқон зиёда аз 3400 занро пурсиданд, ки синни миёнаи онҳо 53 сол буд.
Онҳо сифат ва давомнокии хоби ҳар як мусоҳибро арзёбӣ карда ва аз онҳо дар бораи хоҳиши алоқаи ҷинсӣ, бедоршавӣ, лаззат ва дард ҳангоми алоқа пурсон шуданд.
Натиҷаҳо нишон доданд, заноне, ки кам ва бад мехобиданд, дар бистар бештар ба мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд.
Онҳое, ки ҳар шаб камтар аз панҷ соат хоб мерафтанд, 63,3 фоизашон дар муқоиса бо заноне, ки ҳафт ва зиёда соат дар як шаб хоб мекунанд, дараҷаи муайяни норасоии ҷинсӣ доштанд.