Хонандаи синфи 7-и тоҷик мини – трактори ҳамакора сохт

Хонандаи синфи 7 аз шаҳри Панҷакент трактори хурде ихтироъ намудааст, то хароҷоти хонаводаашро барои хоҷагидорӣ камтар созад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дилшод Ойматов, хонандаи синфи 7 мактаби №14-и шаҳри Панҷакент, “Трактори ҳамакора” сохтааст, ки дар олимпиадаи техникони наврас пешниҳод шудааст.
Ойматов дар ҳайати даставии шаҳри Панҷакент сазовори яке аз 9 ҷойи ифтихорӣ гардид, хабар дод “Ховар”.
“Мақсади сохтани ин мини-трактор он аст, ки мо ҳар сол ба хотири кишт ва ғундоштани ҳосил маблағи калон сарф мекунем, ки ба буҷаи оилаи мо зарар мерасонад. Аз ин лиҳоз тасмим гирифтам чизе ихтироъ кунам, ки ба оилаамон фоиданок бошад”, - изҳор доштааст Ойматов.
Манбаъ афзуд, ки барои ихтирои ин трактор тақрибан 30 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Таъкид шудааст, ки ин мини – трактор 9 намуди кор, аз ҷумла дастгоҳи ҳамворкунӣ, кофтани замин, сартиракгирак, сихмола, ҷӯягирак, фреза ё таҷҳизоти резакунӣ дорад.
Инчунин трактор ядаке дорад, ки то 1 тонна борро мекашад. Вазифаи трактори мазкур дар фосилаи кӯтоҳ ба кишт омода намудани заминҳои ҳаҷман хурд ва калон мебошад, омадааст дар матлаб.
Ойматов дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор доштааст, дар оянда ният дорад, ки алафдаравак, чимзанак, картошкаканак ихтироъ кунад, ки бо гази моеъ кор карда тавонанд.
Ин ихтироъ дар ҳолест, ки қаблан аз татбиқ нагардидани дастовардҳои ихтироъкорон дар истеҳсолот изҳори нигаронӣ карда шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон қаблан гуфт, байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд.
Корхонаҳои истеҳсолии вазорату идораҳо, хусусан вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дастур гирифта буданд, ки ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома натиҷаҳои корашонро истифода баранд.