ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон аз 28 апрел то 1 майи соли 2021 барпо мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм".
Гуфта мешавад, ки дар доираи ин ҳамоиш 3 филми ҳунарии "Илҳоқ", "Исёни арӯсон" ва "Хобҳои беранг", 3 филми мустанади "Посдори иттиҳод", "Қалби мардум", "Зери самои ягона" ва як филми тасвирии "Сандуқи сеҳрнок", манзури алоқамандони кино гардонида мешаванд.
Намоиши филмҳо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва "Зебуннисо" ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ афзуда, ки даромад озод аст.
Гуфта мешавад, ки баргузории чорабинии мазкур ба тавсеаи ҳамкории судманд миёни филмсозони тоҷику ӯзбек мусоидат намуда, дӯстию ҳусни ҳамҷавории халқу миллатҳои бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро устувортар менамояд.
Ёдрас мешавем, ки дишаб дар ҷаҳони синамо рухдоди муҳим, маросими ҷоизасупории "Оскар" баргузор шуд, ки дар он беҳтарин ҳунармандон, коргардонҳо, ороишгарони рӯю мӯй ва сенариянависон муайян шуданд.