ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Кормандони милитсия барои шикори ғайриқонунӣ, сокини ноҳияи Мурғобро боздошт карданд, хабар додааст котиботи ВУД тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда 20 апрели соли ҷорӣ, дар мавзеъи “Қарадемур”-и ноҳияи мазкур ғайриқонунӣ бо яроқи шикории суфтамили тамғаи ИЖ-16, бе рақам ва бе соли барориш ба шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир машғул шуда, 1-сар бузи кӯҳии сибириро ярадор намудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, тибқи хулосаи маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Мурғоб, гушти мусодиракардашуда ба гушти бузи кӯҳии сибирӣ тааллуқ дошта, вазни холисаш 25 килограммро ташкил медиҳад.
"Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, зарари ба фонди шикорӣ расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем бузи кӯҳии сибирӣ дар қатори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло ва нахчир аз ҳайвоноти нодир дар кишвар ба шумор рафта барои шикори он замон ва иҷозатномаи махсус лозим аст.
Қаблан мақомот иҷозатномаи шикор барои як бузи кӯҳии сибирро 45 ҳазор сомонӣ муқаррар карда буданд.