Бедодгариҳои коронавирус дар Ҳиндустон: ҷасадҳо дар кӯчаҳо сӯзонида мешаванд - видео

Дар ҳар чор дақиқа дар пойтахти Ҳиндустон, Деҳлӣ, як нафар аз коронавирус мемирад: аз сабаби серодам шудани беморхонаҳо ва нарасидани ҷойҳо, ҷасадҳо дар кӯчаҳо сӯзонида мешаванд
Sputnik
Ҳиндустон дар маркази тӯфони коронавирус қарор дорад. Ин изҳоротро сарвазири кишвар Нарендра Моди зимни муроҷиати радиоӣ ба аҳолӣ изҳор доштааст.
"Мо пас аз бомуваффақият мубориза бурдан бо мавҷи аввал ба пирӯзӣ итминон доштем, аммо ин тӯфон миллатро такон дод", - гуфт ӯ.
Ҳоло дар Ҳиндустон афзоиши рӯзонаи ҳолатҳои коронавирус 350 ҳазорро ташкил медиҳад. Беморхонаҳои кишвар аз ӯҳдаи сарборӣ баромада наметавонанд ва беморонро қабул намекунанд: онҳо ҷойҳои холӣ ва оксигенро тамом кардаанд. Ҷасади онҳое, ки аз сироят фавтидаанд, дар кӯчаҳо сӯзониданро оғоз карданд.
Аз рӯи шумораи ҳолатҳои коронавирус, Ҳиндустон пас аз ИМА дар ҷои дуюм аст. Аз оғози пандемия дар кишвар тақрибан 20 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.
Барои кумак ба Ҳиндустон дигар давлатҳо ҳамроҳ шуданд. Ҳамин тариқ, Бритониёи Кабир ба кишвар 95 консентратори оксиген, 120 дастгоҳи ғайриинвазӣ ва 20 нафасдиҳии дастӣ фиристод.
Иттиҳоди Аврупо низ ваъдаи имдодрасонӣ кард. Ин кишвар ният дорад ба Ҳиндустон, оксиген ва маводи дорувориро кумак ирсол намояд.
Зимнан, Амрико низ дар доираи кумаки башарӣ ба Ҳидустон тестҳои фаврӣ, ваксина, оксиген ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ барои табибон ворид мекунад.