Слутский: Чехия бояд аз Русия бахшиш пурсад

Леонид Стутский бар ин бовар аст, ки Чехия ҳатман бояд барои иштибоҳи худ аз Русия пӯзиш пурсад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Пас аз ҷанҷол ва ихроҷи дипломатҳои Русия, Ҷумҳурии Чех бояд ҳадди аққал бахшиш пурсад, гуфт Леонид Слутский, раиси кумитаи умури байналмилалии Дума.
Президенти Чехия Милош Земан рӯзи якшанбе гуфт, ки дар гузоришҳои хадамоти ҷосусии Чех ҳеҷ гуна далел вуҷуд надорад, ки ду "агентҳои Русия" дар анборҳои таркиши лавозимоти ҷангӣ дар Врбетитса дар соли 2014 ҳузур доштанд.
"Пас аз ҳамаи ин, Ҷумҳурии Чех бояд ҳадди аққал бахшиш пурсад, агар, албатта, Прага боқимондаҳои истиқлолро дар қабули қарорҳо нигоҳ дорад", - навиштааст Слутский дар канали Telegram-и худ.
Изҳороти Земан, ба гуфтаи ӯ, "бори дигар собит мекунад, ки Прага барои иттиҳом алайҳи Русия ҳеҷгуна асос ва далелҳои воқеӣ надошт, чӣ расад ба хориҷ кардани дипломатҳои рус."
"Ҳама ин амалҳо, бешубҳа, ҳамчун пардаи иттилоотӣ барои дур кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз кӯшиши табаддулоти Белорус хидмат карданд.
Боз лозим омад, ки барои пинщон кардани чещраи аслии ИМА ва тамоми коллективи -арбь "ыанги хурд" пиёда шавад, - мегӯяд Слутский.
Чӣ гуна Чехия муносибатҳояшро бо Русияро вайрон кард: аз айбдоркунӣ то ихроҷи дипломатҳо
Ӯ илова кард, ки дар ин қазия албатта Чехия зарари бештар дид, зеро ба посухи шадид ва фаврии Русия рӯбарӯ шуд.
Дипломати рус паёмади ин амали Чехияро чунин шарҳ дод: муносибатҳои Русия ва Чехия бо якчанд фармонҳо коҳиш ёфт, гуфтушунидҳо ва интиқоли ваксини русӣ қатъ гардид. Зимнан барои барқарор кардани муколама солҳои зиёд лозим мешавад, афзуд Слутский.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 апрел, Сарвазири Чехия Андрей Бабис Русияро ба он муттаҳам кард, ки дар таркиш дар анбори лавозимоти ҷангии Врбетитса дар соли 2014 даст дорад.
Кремл ин иттиҳомотро бераҳмона ва беасос номид, дар ҳоле ки Вазорати корҳои хориҷии Русия онҳоро "паради маразмӣ" номид.
Бо вуҷуди ин, 18 дипломати рус аз Ҷумҳурии Чех хориҷ карда шуданд, ки Русия ба онҳо 20 корманди сафорати Чехияро персона нон грата эълон кард.
Сардори Вазорати корҳои хориҷии Чехия Якуб Кулганек аз Русия талаб кард, ки дипломатҳои хориҷшудаи Чехро ба Маскав баргардонад ва чун посухи мусбат нагирифт дар Прара эълон карданд, ки то моҳи май шумораи кормандони сафорати Русияро коҳиш медиҳад.
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, Прага дар қибол ба амалҳои ғайридӯстонаи худ посухеро гирифт, ки ҳатто дар хобҳои даҳшат онро намедиданд.