ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Корбари сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон аз уламои тоҷик саволи ҷолиберо пурсон шудааст.
"Оё Пайғамбари Худо (с) шаби Меъроҷ Худовандро дидааст?", - пурсидааст Акрам ном нафаре.
Шурои уламо дар посух таъкид кардааст, ки дар ин масъала назари уламо ихтилоф дорад. Тибқи бархе ривоятҳо, "бале дидааст" ва тибқи ривояти дигар, "на".
"Бародари азиз, дар ин масъала миёни уламо ихтилоф вуҷуд дорад, зеро ривоятҳое, ки дар ин боб ворид шудаанд, гуногун аст. Мувофиқи ривояти Ибни Аббос (р) Паёмбар (с) Худовандро дидааст, аммо ривояти Оиша (р) онро рад мекунад. Бинобар қавли роҷеҳ ҳазрати Пайғамбар (с) дар шаби Меъроҷ Худовандро бо чашмонаш надидааст, балки бо қалбаш дидааст, зеро Худованд на дар ин дунё, балки дар охират бо чашми сар дида мешавад", - омадааст дар ҷавоби сомонаи Маркази исломӣ.
Айнан дар ҳамин мавзӯъ, корбари дигаре аз уламо пурсон шудаст, ки "оё рост аст, ки Имоми Аъзам Худовандро 100 бор дар хобашон дидаанд?"
"Дар баъзе китобҳои тарҷумаҳолӣ оиди маноқиби Имоми Аъзам (р) омадааст, ки эшон Худовандро сад бор дар хоб дидаанд. Дидани Худованд дар хоб бо қалб аст, на бо чашм ва уламо дар ин бора ихтилофи назар доранд", - навиштаанд уламои тоҷик.
Шаби Меъроҷ
Ҳодисаи меъроҷ – ба осмон рафтани Паёмбар (с) мавофиқи дини Ислом дар ҳамон шаби исро бо ҳадисҳои саҳеҳ собит шудааст. Пеш аз ҳиҷрат Худои таъоло Паёмбари акрам (с)-ро ба ин сафари осмонӣ ва меъроҷи нуронӣ мушарраф гардонд, ки ҳеҷ касе аз паёмбарони пешин ба чунин манзалати олӣ ва мақоми бандагӣ дар боргоҳи Худованд сарфароз нагаштаанд.
Ба ақидаи ҷумҳури аҳли Суннат меъроҷи Паёмбар (с) бо ҷисму рӯҳ ва дар бедорӣ сурат гирифтааст. Касе меъроҷи паёмбар (с)-ро, ки бо ривоятҳои саҳеҳи суннат собит шудааст, инкор намояд, бидъаткор ва гумроҳ мебошад, вале касе ҳодисаи исроро, ки бо Китоб собит шудааст, инкор намояд, кофир мегардад.
Бар пояи омӯзаҳои исломӣ Паёмбари акрам (с) шабе ҳамроҳи Ҷабраил (а) савори маркабе ҳавогард ва тезсайр бо номи Буроқ ба сайри осмонҳо ва малакути Аъло баромад.
Вай нахуст аз Масҷидулҳаром дар Макка ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас бурда шуд ва назди яке аз дарҳои ҳаёти масҷид – ҷое ки баъдан дар он Масҷиди Буроқ бино гардид, лаҷоми Буроқро ба ҳалқае баст ва бо ҷамъи паёмбарони пешин ду ракъат намоз гузорид.
Пас аз таваққуфи кӯтоҳе аз он ҷо ба сӯи осмонҳо бурда шуд ва дар ҳар осмоне бо тане аз паёмбарон дидор намуд, он гоҳ аз доираи ҳафт осмон боло ва ба назди Сидратулмунтаҳо расид, он ҷо ки Сидраро он чи Худо ба он доност, пӯшонида буд ва Ҷаннатулмаъво – яке аз манозили биҳиштӣ низ дар канори он воқеъ буда.
Дар он мақом аз оёт ва нишонаҳои бузурги Парвардгораш дид ва Худо ба бандааш ҳар чӣ мехост, ваҳй намуд, он гоҳ ӯро ба тамошои биҳишт ва манозилу неъматҳои аҳли он ва ба мушоҳадаи дӯзах ва аҳволу аҳволи аҳли он фиристод.
Паёмбари акрам пас аз анҷоми ин сафари осмонӣ боз ба Масҷидулақсо фуруд оварда ва аз он ҷо худи ҳамон шаб ба Макка бурда шуд. Вай дар роҳ корвони тиҷорие аз Қурайшро дид, ки ба сӯи Макка дар роҳ буд ва субҳи он шаб хабари меъроҷро ба мардуми Макка эълон намуд.