ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Бағдод, таркиш ва сӯхтор дар беморхонаи беморони гирифтори коронавирус 82 нафарро кушт, иттилоъ медиҳад хабаргузории маҳаллии INA бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ироқ.
Дар аввал, дар бораи 26 кушта, сипас дар бораи 58 қурбонии ин ҳодиса хабар дода шуд.
Вале баъдан, Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки дар ин щодисаи нохуш 82 нафар кушта шуда, 110 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шабона дар беморхона як балони оксиген таркид ва аксари фавтидагон бар асари заҳролуд шудан аз дуди карбон ҷон бохтанд.
Дар ҷараёни тафтишот бархе аз роҳбарони беморхона боздошт шуданд.