ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар фурудгоҳи Перм ҷадвали парвоз дар масири Перм- Хуҷанд пайдо шудааст.
Бар хабари сомонаи Бизнес Класс, парвозро ширкати ҳавонавардии "Северний ветер" дар ин масир рӯзҳои 25 - 26 анҷом медиҳад. Вале феълан дар вебгоҳи ширкати мазкур нархи чипта ва фурӯши он дастрас нест.
Зимнан, манбаъ менависад, ки парвози якҷониба аз Душанбе ба шаҳри Перм низ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Интиқоли хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба шаҳри Перм аз 25 апрел то 30 май ба нақша гирифта шудааст.
Ин парвозҳо ҳафтаи якмаротиба рӯзҳои якшанбе сурат мегиранд. Гуфта мешавад, парвоз танҳо якҷониба буда, аз Перм ба Душанбе то ҳол дар назар нест.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, фурудгоҳи мазкур аз ифтитоҳи хати парвоз самти шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон хабар дода буд. Гуфта шуд, ин парвозро ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалинии" аз 21 апрел то 27 октябр анҷом медиҳад.
Парвози яктарафа аз Тоҷикистон ба Перм рӯзҳои чоршанбе сурат гирифта, вақти сафар 3 соату 55 дақиқаро ташкил медиҳад.