ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки ба зудӣ санадеро дар бораи интиқоли қудрат дар сурати марги ӯ ба ҳайси сарвари давлат имзо хоҳад кард.
Вай аз имзои фармон оид ба интиқоли қудрат дар кишвар дар ҳолати изтирорӣ ба Шӯрои Амният хабар дод.
"Ба ман бигӯед, ки агар фардо президент набошад, оё шумо кафолат медиҳед, ки ҳамааш хуб хоҳад буд? Не. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат ман фармонеро дар рӯзҳои наздик дар бораи чӣ гуна дар Беларус сохтани қудрат имзо мекунам. Президент парронда шуд - фардо ба Шӯрои Амният салоҳият дода мешавад",- гуфтаҳои Лукашенкоро иқтибос меорад Sputnik Беларус.
Президент илова кард, ки ин тағирот танҳо дар ҳолати фавқулодда зарур аст.
Дарвоқеъ, дар кишвар "президенти дастаҷамъӣ" дар шакли Шӯрои Амният пайдо хоҳад шуд ва сарвазир бар ӯ ҳукмронӣ хоҳад кард.
"Вай раисӣ мекунад, аммо ҳама қарорҳо бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешаванд, то фишоре ба амал наояд", - гуфт президенти Беларус.
Ин тасмимро Лукашенко пас аз боздошти гурӯҳе дар охири ҳафтаи гузашта, ки сӯиқасд ба ҷони президент ва фарзандонашро карданд, қабул кард.
Ба гуфтаи Лукашенко, дар ин кор хадамоти махсуси ИМА даст доранд ва дар байни боздоштшудагон шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.