Гармои бештар: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик бари 24 апрел

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бино ба нишондоди ҳавосанҷони кишвар дар Тоҷикистон ҳамарӯза гармои бештар фаро мерасад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Офатҳои табиӣ зарфи 3 моҳ дар Тоҷикистон ҷони 8 танро рабуд
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.