Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон

“Бойкот” – роҳи водоркунӣ ба арзонии нархҳо дар Тоҷикистон

Дар пасманзари ҷаҳиши нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон бархе аз шаҳрвандон “бойкот” – и моли қимат ва тариқи коҳиши талабот водор кардани савдогарон ба арзониро пешниҳод доранд. Иқтисоддонҳо ин роҳро самарабахш медонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Замира Додова, сокини шаҳри Душанбе, пешниҳод дорад, ки шаҳрвандон то як муддат аз харидории гӯшт худдорӣ намоянд.
Дар ҳоле, ки бо фарорасии моҳи Рамазон нархи килои гӯшт дар Тоҷикистон то 70 сомонӣ боло рафтааст, Додова пешниҳод дорад, ки шаҳрвандон ҳамакаса аз харидани гӯшт даст кашанд.
“Мо, ки нахаридем, нархи гӯшт ҳатман коҳиш меёбад, зеро хусусияти зуд вайрон шуданро дорад. Ба ҷойи гӯшти гову гӯсфанд гӯшти мурғ бамаротиб муфидтар аст, зеро сабук буда, тез ҳазм мешавад. Инчунин, ба ҷойи гӯшти гов аз маҳсулоти донагӣ-нахӯду лӯбиё бештар истифода кунем, чунки аз рӯи ғизонокӣ донагиҳо аз гӯшт дида, зиёдтар колория доранд”, - пешниҳод кардааст Замира Додова тариқи нашрияи “СССР”.
"Бардорад зам кун?" чуну чарои билетҷаллобӣ дар Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки қаблан Умед Давлатзод, муовини вақти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва яке аз иқтисоддонҳои саршиноси тоҷик низ, танзими талабот ва “бойкот”- и маҳсулоти гароншударо аз чораҳои самарабахш хонд, ки ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон алайҳи болобарии сунъии нархҳо истифода намешавад.
Давлатзод хотиррасон карда буд, ки дар иқтисоди бозорӣ ду омил-талабот ва таклифот калидиянд:

“Мо фақат аз нуқтаи назари таклифот амал мекунем. Аммо барои чӣ мо талаботи худро танзим намекунем? Яъне барои чӣ “бойкот” намекунем, вақте ба тариқи сунъӣ нархҳоро ду баробар дар арафаи Иди Рамазону дигар баланд мекунанд, барои чӣ мехарем? Як кас не, вақте дастаҷамъона мо метавонем, “бойкот” кунем, бозор танзим мешавад”, - изҳор дошта буд Давлатзод зимни як ҳамоиш дар Душанбе.

Давлатзода аз сафараш ба як кишвар мисол оварда буд, ки дар арафаи ид савдогарон ба далели афзоиши талабот ба писта, нархи онро боло бурданд.
“Бояд писта ҳатман болои дастархони идона бошад ва савдогарон нархро боло бурданд. ВАО ба по хест, руҳониён фатво доданд, ки ба далели гаронӣ шумо метавонед, хони идона бидуни писта ороед. Ҳатто фатво доданд, ки хариди он бо нархи гарон ҳаром аст, ба хотири он ки аз луқмаи фарзандатон мезанеду кам мекунед”, - изҳор дошт иқтисоддон.
Ӯ афзуд, чунин иқдом боиси муфлисии афроде гардид, ки хостанд аз ниёзи мардум сӯиистифода кунанд ва кор бо он анҷомид, ки нархи писта беш аз пеш арзон шуд.