ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон расман иттилои гӯё дода шудани шиносномаи тоҷикӣ ба як шаҳрванди хориҷӣ бо номи Табаров Руслан Ҳалимовичро рад кард.
Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо навиштанд, ки дар қазияи таркиш дар анбори силоҳ дар Чехия гӯё яке аз гумонбарони ҳодиса бо насаби Табаров шиносномаи тоҷикӣ дошт.
"Чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст", - тавзеҳ медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, дархости расмӣ аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.