Рустами Эмомалӣ маблағи озмуни шаҳрии "Фурӯғ"- ро қариб ду баробар зиёд кард

Барои баргузории озмуни китобҳо дар Душанбе тақрибан 1,5 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни шаҳрии "Фурӯғи субҳи дони китоб аст" қарор имзо кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, , ҳамзамон ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур тасдиқ гардида, масъули соҳа вазифадор шудаанд, ки баҳри дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Китоб хону пул гир: президент маблағи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғ"-ро зиёд кард
Ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шуд, ки барои ташкил ва баргузории озмун аз фонди захиравии раиси шаҳр 1 миллиону 445 ҳазор сомонӣ ҷудо намоянд.
Соли ҷорӣ маблағ барои озмун қариб ду баробар зиёд шудааст. Соли гузашта шаҳрдорӣ барои ин озмун 564 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
Cохторҳои масъули шаҳр муваззаф шудаанд, ки озмунро дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронанд. Назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи муовини соҳавии раиси шаҳр гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон соли сеюм аст, озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор мешавад ва ахиран Эмомалӣ Раҳмон барои ҷолибтар гузаронидани он дастур дод, ки ба низомномаи он тағйиру иловаҳо дохил карда шавад.