Ҳамгироӣ дар АвруОсиё: Путин ва Раҳмон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад вебгоҳи kremlin.ru.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти сӯҳбат масъалаҳои афзоиши ҳамоҳангсозӣ дар доираи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё, аз ҷумла бо назардошти раисии Тоҷикистон дар соли 2021 дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд.
"Дар мавриди вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ - дар заминаи рушди вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт", - афзудааст манбаъ.
Роҳбарон тасмими тарафайнро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Русияву Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Муборак шавад: сӯҳбати телефонии Раҳмону Путин
Дар бораи омӯзиши байниидоравии баъзе ҷанбаҳои амалии ҳамкорӣ мувофиқа карда шуд.
Пештар сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон дар арафаи таҷлили соли нав сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буданд.
Дар моҳи октябр бошад, раисҷумҳури Русия президенти Тоҷикистонро ду маротиба, ба муносибати зодрӯз ва пирӯзӣ дар интихоботи презизидентӣ шодбош гуфта буд.