Владимир Путин қайд кард, ки барои муҳокимаи мушкилоти минтақа, президенти Украина бояд аввал бо намояндагони Ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи мардумии Донетск ва Луганск мулоқот кунад ва танҳо пас аз он кишварҳои сеюмро ба музокирот ҷалб намуд.
Президенти Русия қайд кард, ки вай омода аст Зеленскийро дар Маскав дар ҳар вақти барои президенти Украина муносиб қабул кунад, то муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи март вазъ дар Донбасс бадтар шуд. Ҳам дар байни низомиён ва ҳам миёни мардуми осоишта маҷрӯҳшудагон ва кушташудаҳо сатб шудаанд.