Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

"Хос нест": пешгӯии хитнависи Евровидение дар мавриди имконоти Манижа Сангин

Муаллифи сурудҳо барои озмуни Евровидение изҳор дошт, ки суруди Russian Woman ба даври ниҳоии озмун назарногир хоҳад монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Шоир Карен Кавалерян бо тафсил нақл кард, ки Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русияро дар Евровидении - 2021 чӣ интизор аст.
Кавалерянро метавон аз коршиносон дар бахши Евровидение хонд. Ӯ барои 8 намоянда, ки аз 5 кишвари ҷаҳон ба Евровидение фиристода шуданд, матни сурудро навиштааст ва ҳар бор сурудҳояш дар радаҳои баланди озмун қарор мегирифтанд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Ҷонибдории Чурикова аз Манижа ва таронааш барои Евровидение - 2021: қавию фарқкунанда аст
Шоир дар суҳбат бо "Комсомолская Правда" таъкид кард, ки суруд барои ин озмун бояд хотирмон бошад, нақароти хитӣ дар бар гираду бо намоиши саҳнавии ҷоллиб пешниҳоди омма гардад.

“Барномае, ки аз ҷониби Русия пешниҳод шудааст, мутаассифона на танҳо аз нигоҳи бадеӣ оҷиз ба назар мерасад, балки шаклаш хоси ин озмун нест. Ин далели қотеъ мебошад”, - изҳор дошт Кавалерян.

Коршинос илова намуд, ки Манижа ба эҳтимоли зиёд ба даври ниҳоии озмун мебарояд, аммо мақоми баландтар аз дуюмин дахгонаро ишғол нахоҳад кард, агар ҷомъияти байналмиллалии тоҷикони дунё пуштибонияш ҳам кунанд.

Манижа дар Евровидение - 2021

Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд. Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон бо суруди Russian Woman муаррифӣ мекунад. Ӯ ба ҳайси намояндаи Русия тариқи овоздиҳии сартосарӣ 8 март интихоб шуд. Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд.
Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа: яке аз иштирокчиёни озмуни Евровидение дар шӯъбаи эҳё бистарӣ шуд
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.