"Бардорад зам кун?" чуну чарои билетҷаллобӣ дар Тоҷикистон

Коршиносон дар танзими вазъи болоравии нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон роҳҳои гуногунро нишон медиҳанд. Аммо назари онҳо дар далели болоравии нарх ба ҳам меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Махфират Бобоеваи 38-сола, ки чанд сол боз дар Русия истиқомат дошту шаҳрвандии кишварро низ ба даст овардааст, моҳе пеш ба дидори наздиконаш ба Тоҷикистон баргашт. Ҳарчанд он замон парвозҳои муқаррарӣ барқарор нагашта буданд, бемушкилӣ тавонист аз Маскав ба парвози чартерӣ билет гираду ба ватан баргардад.
Чанд вақт пеш, аз ҷои кор ӯро фавран ба Русия даъват карданд. Аммо дар Тоҷикистон мушкилии дастрасии билет садди роҳаш шуд. Ҳарчанд акнун парвозҳои муқаррарӣ барқарор шудаву ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешавад, билет дар Тоҷикистон тухми анқо шудааст.

Гуфтам аз Русия пул равон кунед, то аз ҷои корам намонам

Махфират мегӯяд, натавонист ба парвозҳои муқаррарӣ чипта харад, чун бояд дар байни 5-6 рӯз ба Русия бармегашту онҳо то моҳи июн брон шудаанд.
Амнистияи муҳоҷирон, афзоиши парвозҳо ва Рамазон: тафсилоти суҳбати Путину Раҳмон
Вақте назди намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии анҷомдиҳандаи парвозҳои чартерӣ рафт, аз нархи ҳангнуфти билет ҳуш аз сараш парид. Ба воситаи шиносҳо(!) ваъда доданд, ки барояш ба 8,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 750 доллар) билет ёфта медиҳанд.

"Аввал гуфтам, ки бо ин нарх намехарам. Аммо кӯшишҳои ман барои ба даст овардани билети парвозҳои муқаррарӣ бенатиҷа анҷом меёфтанд. Маҷбур аз духтарам хоҳиш кардам, ки бароям як миқдор аз Русия маблағ равон кунад ва як миқдор маблағе ки доштам, зам карда, ба парвози чартерӣ билет харидам. Асосаш корамро аз даст надиҳам", - гуфт вай дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мушкилии билетхарӣ ва сафар ба Русия танҳо мушкилии Махфират Бобоева нест, балки ҳазорон муҳоҷири тоҷик паси дарҳои дӯконҳои билетфурӯшӣ дар ҷустуҷӯи чиптаи парвоз ба Русия сарсонанд. Агар мушкилии дарёфти билет як тарафи масъала бошад, нархи гарони он тарафи дигари масъала аст.
Пештар мақомот эълон карда буданд, ки нархи билет ба парвозҳои муқаррарӣ аз Тоҷикистон ба Русия 349 доллар муайян шудааст. Аммо чанд ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон, ки чӣ аз ширкати тоҷикии "Сомон Эйр" ва русии "Ютэйр" ба парвозҳои муқаррарӣ билет харидаанд, гуфтанд, ки аз 6,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 574 доллар) то 13 ҳазор сомонӣ (тақрибан 1,148 доллар!)то Маскав билети ҳавопаймо гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, дируз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, аз ширкатҳои русии ҳавопаймоӣ, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад, "қатъият дархост кардааст, ки ба боло бурдани беасоси нархи билетҳо роҳ надиҳанд".
Аммо ҷаноби Икром Субҳонзода, раиси агнетӣ вазъи арзиши билетҳои парвозҳои муқаррариро шарҳе надодааст.
Дар Душанбе мардум шабро назди кассаи билетфурӯшӣ гузарониданд, то ба Русия чипта харанд
Пас аз ин дархостҳои қатъии агентӣ чӣ паёмадеро метавон дар бозори билетҳо интизор шуд? Оё агентӣ ба ғайр аз дархост барои поён овардани нарх коре карда метавонад? Умуман нархи парвозҳои чартерӣ чигуна муайян карда мешаванд? Ва саволи асосӣ - кай мушкилии парвоз ҳал мешавад?

Харад зам кун?

Коршиносон дар ҳалли қазия роҳҳои гуногунро номбар мекунад. Аммо фикри онҳо дар далели болоравии нархҳо як аст: инҷо қонуни бозор ҳукмфармост: бардорад зам кун.
"Садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ аз соли гузашта инҷониб мехоҳанд вориди Русия шаванд. Дар ҳоле, ки пули бештарини онҳо тамом шудааст, маҳсулоти хӯрокаашон ба анҷом расидааст ва қисме аз онҳо аз ҳисоби қарз рӯзашонро мегузаронанд( инро аз зиёд шудани қарзҳои истеъмолӣ аз бонкҳои Тоҷикистон метавон дарк кард). Роҳи ҳал як аст - бояд фаврӣ барои кор ба Русия сафар кард", - тавзеҳ дод вазъро Ӯткир Умарбакиев, иқтисоддон ва фаъоли иҷтимоӣ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Аз ҳамин ҷост, ки "билетталош" садди роҳи хоҳишмандони сафар ба Русия шудааст. Афзун бар ин нархҳои дандоншиканро кисаи на ҳар як муҳоҷир метавонад бардорад. Саволи матраҳ ин аст, ки ҳамон нархҳои осмониро кӣ ва чигуна муайян мекунад?
"Арзиши билет ба ҳамагуна хатсайрҳои чартерӣ аз арзиши аслӣ ва қисми фоидае иборат аст, ки ташкилкунандаи парвоз мехоҳад ба даст овард. Яъне қисме, ки дар бахши фоида ба арзиши билет зам мешавад аз "нафс" ва инсофи ташкулкунандаи парвоз сахт вобаста аст", - мегӯяд Умарбакиев.
Ба гуфтаи вай, арзиши аслиро метавонем бо назардошти тамоми масрафҳо, ки барои анҷом додани парвозҳо лозиманд, ҳисоб кунем.
"Агар арзиши билетҳо 3-5 маротиба гарон шуд, оё ин маънои онро дорад, ки сӯзишворӣ, боҷ, маоши кормандон, иҷораи ҳавопаймо ва дигар масрафҳо якбор ба ин дараҷа гарон шудааст? Не, чунин нест. Ҳақиқати талх, формулаи "харад зам кун"-и иқтисод аст", - меафзояд вай.
Сафорати Русия гуфт, кай парвозҳои мунтазам миёни Душанбею Маскав зиёд мешаванд
Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари дигари масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар шароити кунунӣ анҷом додани парвозҳои чартерӣ назар ба парвозҳои муқаррарӣ осонтар аст: барои онҳо шартномаи байнидавлатӣ лозим нест. Аммо ба қавли вай, гарон будани арзиши билети чартерӣ асосе ҳам дорад.
"Арзиши билети парвозҳои чартерӣ аз тарафи фармоишгари чартерӣ ё ки худи ширкати ҳавопаймоӣ, муайян карда мешавад ва дар муайян кардани арзиши он нисбат ба парвозҳои муқаррарӣ ҳеҷ фарқе вуҷуд надорад. Ба ҷуз он, ки парвози чартерӣ гоҳо метавонад қиматтар аз парвозҳои доимӣ шавад. Ба ҳамин хотир билеташ ҳам гарон мешавад. Аммо ин ҳатмӣ нест", - таъкид мекунад ҷаноби Шералиев.

Кӣ ҷилави нархҳои гарон ба даст гирифта метавонад?

Ба қавли коршиносон танзими нарх масъалаи баҳсбарангез аст. Давлат танҳо дар он ҳолат нархи парвозро муайян мекунад, ки ширкат давлатӣ бошад.
Аммо агентии авиатсияи Тоҷикистон ки дируз ба ширкатҳои русӣ дархости қатъӣ кард, ба ҳар ҳол, фишанге дорард, ки метавонад истифода кунад.
"Аслан давлат ҳақ надорад дар мавриди нархҳо дахолат кунад, чун, масалан, ширкатҳои "Ютэйр" ва "Сомон Эйр" хусусӣ ҳастанд. Агентии авиатсия маслиҳат додаву дархост карда метавонад. Ҳатто имконияти шарт гузоштанро дорад, ки агар шумо арзишро поён нафароред, мо иҷозатномаатонро бозхонд мекунем", - тавзеҳ медиҳад Шералиев.
Ӯткир Умарбакиев бошад, бар он аст, ки бар ҳар ҳол дар Тоҷикистон як ниҳоде ҳаст, ки ҷилави нархҳои билетҳоро метавонист ба даст гирад - Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
"Ман инҷо нишонаҳои маслиҳати пешакиро дар бораи боло бурдани нарх мебинам, ки ширкаҳои ҳавоӣ кардаанд. Зеро дар асри Интернет ҳатто рақибон метавонанд бо осонӣ байни худ маслиҳат кунанд ва дар соҳаҳои аз чашми зиддиинҳисорӣ пинҳонмонда фоидаи калон кананд", - таъкид мекунад вай.
Мақомот фурӯши билетҳоро шадидан назорат мекунад – шарҳи Агентӣ
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ваколатдор аст, ки ин корро анҷом диҳад, аммо тавре мо мебинем, ин хадамот феълан чорае наандешидааст. Ҳушдори дирӯзаи Агентии авиатсия бошад, чун ултиматум садо медиҳад, аммо он паёмадҳои қобили андозагирӣ надорад. Яъне маълум нест, ки агар то фардо нархҳо поён фароварда нашаванд, чи чораҷӯӣ мешаванд, изҳори нигаронӣ мекунад таҳлилгар.

Чора кадом аст?

Ин табиист, ки дар ҳоли зиёд будани хоҳишманду кам будани "мол" интизории тағйири вазъ бемантиқ аст. Аммо ба ҳар ҳол саволи матраҳ маҳв намешавад - мушкилии ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик, ки бо ифтитоҳ шудани марзҳо изҳори хушнидӣ кардаву азми сафар ба Русияро доранд, кай ҳал мешавад?
Умарбакиев боз ҳам суолро ба ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ мепартояд.
Ӯ меафзояд, " ба назар чунин мерасад, ки афзун ба иқдоми ширкатҳои ҳавоӣ дар бораи фоидаталабӣ, дигар шахсоне низ дар Тоҷикистон ҳастанд, ки камчинии билет ба манфиати онҳост".
" Чаро на ҳамаи дӯконҳои билетфурӯшӣ метавонанд чиптаҳоро брон кунанд? Кӣ медонад, ки арзиши фурӯши яклухти билетҳо ба авиакассаҳои чанд пул аст? Чаро хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон то ҳол мавқеашро дар ин ҷо равшан накардааст? Саволҳо зиёданд", - таъкид мекунад вай.
Коршинос изҳори умедворӣ мекунад, ки ширкатҳое, ки "дархост", гирифтаанду мӯҳлаташон ду рӯз буд, то фардо ин масъаларо бознигарӣ мекунанд ва каме мушкилии муҳоҷирон осон мешавад.
Абдуманнон Шералиев бошад, "ҳақиқати талх"-ро бозгӯӣ мекунад: то замоне ки шумораи парвозҳои муқаррарӣ бештар карда нашавад, рақобат байни ширкатҳои ҳавои шадид нашавад, ҳалли мушкилӣ қариб ки амри маҳол аст.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Икром Субҳонзода: “Чиптаҳо фурӯхта шудаанд, парвозҳои чартерӣ афзоиш меёбанд”
"Шумораи парвозҳо зиёд шаванд, рақобати зиёд боиси паст шудани нархҳо мешавад. Дар акси ҳол, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, мисли ҳама гуна ширкати тиҷорӣ кӯшиш мекунанд вобаста ба вазъияти баамаломада, даромади бештар ба даст оваранд. Ҷои тааҷҷуб надорад", - таъкид мекунад вай.
Таҳлилгар меафзояд, мушкил замоне ҳал мешавад, ки шумори ҷои холӣ дар ҳавопаймоҳо аз шумори хоҳишмандони сафар бештар шавад ва он гаҳ нарх поён меояд.
"Масъала вақт мехоҳад", - изҳор медорад вай.