ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сокини 50 - солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз болои як мард бо номи "Рустам" ба кормандони пулис шикоят бурдааст.
Бар хабари котиботи ВУД Тоҷикистон, ин зан ба умеди соҳиби хона шудан беш аз 180 ҳазор сомонӣ масраф кардааст, вале ба гирифтани манзили зист муваффақ нашуд.
Дар асоси шикояти муроҷиаткунанда, ӯ бори нахуст моҳи августи соли 2016 дар кӯчаи Нусратулло Махсум ба "Рустам" 11 ҳазор доллар дод. Зимнан, худи ҳамон рӯз боз дар кӯчаи Ғуломов ба номбурда 15 700 сомонии дигар супурд.
Бо гузашти ҳамагӣ як рӯз, санаи 21 август боз 19 ҳазор сомонии ин занро гирифт.
Маблағгирии мард соли 2017 ва 2018 низ идома ёфт. Ӯ мебоист аз биноҳои баладошёнаи истиқоматии кӯчаи Карамов дар ошёнаи 7 - ум хонаи истиқоматӣ бо масоҳати 72 метри мураббаъ гирифта медод.
"Расо пас аз як сол, рӯзи 21 августи соли 2017 дар назди тарабхонаи "Гулдаста" 9 ҳазор сомонӣ гирифт ва соли 2018 боз 12 600 сомониро талаб карда, азхуд намуд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Ба ҳамин минвол, манбаъ ҳаҷми умумии зарари расида ба зани корафтодаро 11 ҳазор доллар ва 56 300 сомонӣ арзёбӣ мекунад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис муайян намудаанд, ки ин мард сокини 41 - солаи пойтахт аст ва феълан тафтиши пурраи ин қазия идома дорад.