Шикояти роҳбари "Душанбе Сити" аз ғорати терминалаш: шикастанду пулҳояшро бурданд

Ахиран ба роҳбари ширкати “Душанбе Сити” дар шаҳри Хуҷанд ба идораи пулис шикоят бурдааст, ки шахси номаълум яке аз терминалҳояшро шикаста онро ғорат кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мактуби роҳбарияти филиали ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” дар шаҳри Хуҷанд ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов ирсол гардидааст.
Дар ин мактуб роҳбари ширкат муроҷиат намудааст, ки 11-уми апрели соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ терминали худкори №00444-ро, ки дар назди мағозаи “Фаррух”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, зада шикаста корношоям намудаанд.
Дар Бохтар беш аз 200 банкомат ҳаст, вале пул надоранд
Роҳбари ширкат қайд кардааст, ки аз дохили он таҷҳизоти терминали худкори Кешкод (асбоби маблағқабулкунӣ) ва Кешбокс (асбоби оҳанини маблағнигоҳдорӣ)-ро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Манбаъ зикр кардааст, ки зарари расонидашуда зиёда аз 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ВКД Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.
Дар ҳоли ҳозир, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32-3 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.