Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Шароити вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия тағйир ёфт

Ҳоло вуруди худи шаҳрвандони Русия ба қаламрави кишвар тағйир ёфтааст. Ин дигаргунӣ ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ низ дахл дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Қавонини нави вуруд ба қаламрави Русия эътибор пайдо кард. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, қоидаҳои нав ҳам ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам ба шаҳрвандони худи Русия дахл дорад. Ҳоло дар кишвар тартиби супоридани санҷишҳо оид ба мавҷудият ва ё набудани коронавирус тағйир ёфт.
Маълум аст, ки бо фармони сардухтури давлатии санитарии Федератсияи Русия аз 16 апрели соли 2021 таҳти рақами 13 ба фармони No 7 аз 18 марти соли 2020 тағйирот ворид карда шуд. Қоидаҳои нав ду нуктаро дар бар мегиранд, ки барои ҳар як мусофире, ки аз дигар кишварҳо, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, муҳиманд.
Акнун ҳар касе, ки ба қаламрави Федератсияи Русия ворид мешавад, бояд ду маротиба аз ташкихи коронавирус гузарад. Таҳлили аввал бояд дар муддати се рӯз аз рӯзи ташриф ва таҳлили дигар -дар муддати панҷ рӯз аз санаи убури марзҳои Русия гузаронида шавад.
Сафорат қайд кард, ки фосилаи байни ташхисҳои лабораторияи якум ва дуюм бояд ҳадди аққал як рӯз бошад.
Натиҷаҳои санҷиш бояд дар портали Хадамоти давлатӣ бо пур кардани варақаи "Додани маълумот дар бораи натиҷаҳои санҷиши сирояти нави коронавирус барои касоне, ки ба Федератсияи Русия меоянд" ҷойгир карда шаванд.
Кӯчидан аз Тоҷикистон ба Русия осон мешавад: шарҳи генерали рус
Ҳамзамон, таъкид мешавад, ки то маълум шудани натиҷаи ташхиси аввал бояд реҷаи худинзивоӣ қатъиян риоя карда шавад.
Шарти дуюми муҳим озмоиши интихобии коронавирус аст, ки онро барои шаҳрвандони хориҷӣ дар фурудгоҳҳои Русия гузаронидан мумкин аст.
Инчунин як талаби ҳатмӣ барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ дар бораи натиҷаи манфии ташхиси (ПЦР) барои сирояти коронавирус, ки на дертар аз се рӯз пеш аз вуруд ба Русия гузаронида шудааст, мавҷуд аст, илова намуд сафорат.
Хотиррасон мекунем, ки ҳаракати мунтазами ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2021 барқарор карда шуд.