ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар Душанбе беҳтарин китобхонаро муайян мекунанд. Дар ин робита мири пойтахт Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба имзо расонд.
Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ қарор дар мавриди баргузор кардани озмуни шаҳриро ба тасвиб расонд.
Тибқи қарори мазкур, барои ташкил ва гузаронидани ин озмун комиссия ташкил карда шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони шаҳрдорӣ, соҳаи фарҳанг ва созмонҳои эҷодии шаҳр шомил гардиданд.
Гуфта мешавад, раиси пойтахт барои ташкили озмун ва ҳавасмандкунии ғолибон аз буҷаи шаҳр 108 ҳазору 620 сомонӣ ихтисос додааст.
Дар ҳамин ҳол, барои дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабинии мазкур, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавии худ ва раисони ноҳияҳо дастуру супориш дод.