Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Сипосгузории Владимир Путин аз пизишкони Русия

Владимир Путин мегӯяд, Русия тавонист соли мушкилтаринро сазовор пушти сар кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Владимир Путин зимни ирсоли паём ба Маҷлиси Федералӣ суханашро аз ҳамагирии коронавирус оғоз кард ва аз пизишкон барои мубориза бо ин вабои аср изҳори сипос кард.
Президенти Русия гуфт, дар мубориза бо коронавирус тамоим мардуми Русия саҳми бузург дорад, вале муҳим аз ҳама саҳми пизишкон аст, ки дар хатти пеш қарор доштанд.
Ӯ гуфт, дар аввали ҳамагирӣ тамоми ҷаҳон бонги хатар мезад ва мегуфт мо бо як чизи номаълум сару кор дорем.
Вале Владимир Путин мегӯяд ӯ боварӣ дошт, ки Русия ин ваборо сазовор пушти сар мекунад.
"Имрӯз дар ин толор пизишкони зиёде бо мо қарор доранд. Ман ба ҳамаи онҳо сипоси бепоёни худро мерасонам", - гуфт президент.
Президент таъкид кард, ки коронавирус чун хатар барои аҳолӣ боқӣ мемонад.
Ӯ даъват кард, ки тамоми марзҳо бояд таҳти назорат гирифта шаванд, то паҳншавии коронавирус аз берун пешгирӣ карда шавад.
Президент ёдовар шуд, ки алъон дар Русия се навъи ваксина таҳия ва сабти ном шудааст ва аз мардум даъват кард, ки бо ваксинзанӣ таъхир накунанд.