ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Орди ғанигардонидашуда дар доираи барномаи “Ғизои мактабӣ” - и СММ бо маблағгузории Русия барои хонандаҳои макотиби шимоли Тоҷикистон дастрас карда шуд.
Дилбар Исмоилова, масъули Идораи маорифи Суғд ва аз ҳамоҳангсозони барномаи “Ғизои мактабӣ” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 164 ҳазор хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар макотиби 15 шаҳру навоҳии вилоят бо ғизои гарм таъмин хоҳанд шуд.
“Ин маводи ғизоӣ асосан, барои бо ғизои нисфирӯзӣ таъмин шудани хонандаҳои синфҳои ибтидоӣ дар 622 мактаби Суғд пешбинӣ шудааст”, - гуфт Исмоилова.
Андрей Варламов, консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ, Русия дар баробари тақдими маводи ғизоӣ, ҳамчунин ошхонаҳои макотибро бо таҳҷизоти нав муҷаҳҳаз менамояд.
“Русия ҳамасола дар доираи ин Барнома ба маблағи аз 10 то 15 миллион сомонӣ маводи хӯрока ба мактабҳои Тоҷикистон равона мекунад. Барқароркунии низоми хӯрокпазии мактабҳоро низ ба зимма гирифтаем”, - таъкид кард Варламов.
Барномаи озуқавории СММ аз соли 1999 ба ин тараф дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Соли 2020, ҳудуди 500 ҳазор хонандаи синфҳои 1 ва 4 - и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон, тибқи ин барнома бо хӯроки гарму серғизо таъмин гардидаанд.
Барнома ҳудуди 2 ҳазор муассисаи таълимӣ дар 52 шаҳру навоҳии Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Русия дар доираи барномаи ғизои мактабӣ орду равғани ғанигардонидашударо таъмин мекунад.