Раҳимзода ва Казакова ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён дар Русияро баррасӣ карданд

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Раҳимзода дар мулоқот бо генерал-лейтенант Валентина Казакова, масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кардаанд. Аз ҷумла ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор менамоянд, мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтааст.
Танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия, аз ҷумла пешгирии афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва номуташаккил аз мавзӯъҳои дигари меҳварии ин мулоқот будааст.
Генералҳо инчунин ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили механизм барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷиронро муҳим хондаанд.
Казакова роҳҳои осони гирифтани шаҳрвандии Русияро нишон дод
“Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва қонунигардонии буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия гуфтугӯи судманд анҷом доданд”, - омадааст дар иттилоия.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Казакова Валентина Лвовна изҳори итминон намудаанд, ки натиҷаҳои ин сафар барои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.