ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Олимони хориҷӣ таҳқиқот гузаронида, дар ҷараёни он таъсири манфии нӯшокиҳои газдорро ба организмро ошкор карданд.
Натиҷаҳои кори онҳо дар маҷаллаи Epidemiology нашр шудааст.
Мутахассисон муайян карданд, ки обҳои газнок метавонад безуррётиро барангезад.
Тибқи гуфтаи олимон, чунин нӯшокиҳо боровариро 20-25% кам мекунанд. Гузашта аз ин, дар намудҳои парҳезии ин маҳсулот, ки шакар надоранд, чунин тамоюл ба назар мерасад.
"Истеъмоли пайвастаи нӯшокӣ боиси диабети қанд, номутаносибии гормоналӣ ва фарбеҳӣ мегардад ва инҳо низ омилҳои пайдоиши безуррётӣ мебошанд", - гуфтанд муҳаққиқон.
Олимон таъкид карданд, ки дар обҳои ширини газнок моддаҳое мавҷуданд, ки ба ҳаракати нутфа таъсир мерасонанд. Ҷисми зан низ аз таъсири манфии он орӣ нест. Сухан на танҳо дар бораи бордории табиӣ, балки дар бораи бордоркунии сунъӣ низ меравад.
Ба гуфтаи мутахассисон, газнокҳо сатҳи кислота дар баданро тағир медиҳад. Хусусан зараровари иловаҳои хӯрокворӣ, ки боиси номутаносибии гормоналӣ мегардад ва инчунин ба ғадудҳои эндокринӣ таъсир мерасонад.
Ғайр аз он, нӯшидани ин нӯшокиҳо метавонад ба диабети навъи 2 оварда расонад, зеро онҳо сатҳи қанди хунро зиёд мекунанд.