Нотарсида омада, сабти ном шавед: муроҷиати Казакова ба муҳоҷирон

Валентина Казакова аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват кард, ки аз омадан ба қисмҳои Федератсияи Русия ва сабти ном наҳаросанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Роҳбари Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, Валентина Казакова дар як нишасти матбуотӣ пас аз натиҷаи гуфтушунидҳои Русияву Тоҷикистон фаҳмонд, ки чӣ гуна муҳоҷирон бояд то 30 июни соли 2021 амал кунанд.
Казакова рӯшан кард, ки реадмиссия тартиби ҳамкории ду кишвар аст ва бозгашти бароҳати шаҳрвандони хориҷӣ ба ватани худро дарбар мегирад. Ӯ таъкид намуд, ки “ин ҷазо нест, балки тартиб аст”.
Аммо барои муҳоҷироне, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, барои боқӣ мондан дар ин кишвар зарур аст, ки ҳатман худро сабти ном кунанд.
"Мо шуморо даъват менамоем, ки аз ин имконият бидуни ҳарос истифода баред”, - даъват намуд ӯ.
Сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба танзими вазъи ҳуқуқии чунин муҳоҷирон рӯшанӣ андохт. Казакова қайд кард, ки дар қонунгузории Русия ягон мафҳуми афви муҳоҷират вуҷуд надорад, балки Консепсияи танзими вазъи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад.
Кӯчидан аз Тоҷикистон ба Русия осон мешавад: шарҳи генерали рус
Ин аст, ки дар доираи Фармони Президенти Федератсияи Русия таҳти рақами 272, ҳамаи шаҳрвандоне, ки замони пандемия дар Русия банд мондан ва ба Тоҷикистон имкони баргаштанро надоштанд, имкон доранд, будубоши худро ба танзим дароранд.
Мақомдори рус таъкид кард, ки муҳоҷирон бояд ин корро то 30 июн анҷом диҳанд.