ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Яке аз ширкаткунандагони озмуни Евровидеиние - Артемий ба шӯъбаи еҳё афтод.
Дар ин бора Манижа Сангин дар саҳифааш дар Инстаграм хабар додааст.
"Вокалисти боистеъдод, ки ман чандин сол боз бо ӯ ҳамкорӣ мекунам, ӯро дӯст медорам ва хеле қадр мекунам", - тавсиф кардааст сароянда аз ҳамкасби худ.
Манижа гуфт, ки Артемий чанд рӯзро дар шӯъбаи эҳё сипарӣ кард, аммо сабаби дар беморхона бистарӣ шудани сарояндаро шарҳ надод.
"Табибон вазъи ӯро ба эътидол оварданд ва чанд соат қабл ӯро ба палатаи умумӣ гузарониданд", - нақл кард сароянда.
Манижа ваъда дод, ки аҳволи сароянда бешубҳа беҳтар хоҳад шуд ва аз мардум хоҳиш кард, ки ӯро бо суханони гарму тасаллибахш дастгирӣ кунанд, то сароянда зудтар шифо ёбад.
"Мо аниқ медонем: ӯ сиҳат мешавад ва мо ҳатман ҳамроҳи ӯ ба саҳнаи Евровидение мебароем. Ҳамааш хуб мешавад ва боз ҳам беҳтар хоҳад шуд", навиштааст сароянда.
Манижа дар Евровидение - 2021
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy баргузор мешавад.Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди Russian Woman, ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт. Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд.
Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рӯс" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.