ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Яке аз пайвандони сарбоз дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади Назаровро кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳияи Деваштич ба деҳаи Каҷровут овардаанд.
“Имрӯз ғайриинтизор аз комиссариат занг зада, дар бораи даргузашти Раҷабалӣ Назаров хабар доданд. Баъди чанд лаҳза ҷасади сарбозро низ оварданд”, - гуфт манбаъ.
Кормандони комиссариати ҳарбӣ иллати ба ҳалокат расидани сарбози ҷавон, сокини ҷамоати ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштичро аз кор мондани гурдаҳояш шарҳ додаанд.
Аммо пайвандони сарбоз изҳор мекунанд, ки Назаров аз вазъи саломатии худ шикоят намекард ва боре ҳам дар ягон бемористон бистарӣ нашуда буд.
Онҳо мегӯянд, аз беморӣ ба ҳалокат расидани Назаров шубҳааовар аст ва таҳқиқи ҳодисаро аз мақомот тақозо хоҳанд кард.
Раҷабалӣ Назаров 19 сол дошт ва дуруст шаш моҳи пеш дар маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон, ихтиёран ариза навишта, ба хизмати аскари рафта буд.
Бино ба гуфти пайвандонаш, Раҷабалӣ бештар аз панҷ моҳ хизмати ҳарбиро дар яке аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Кӯлоб иҷро мекард. Вале панҷ рӯзи пеш вайро ба қисми низомии Қушунҳои сарҳадӣ ба ноҳияи Мурғоб фиристодаанд. Баъд аз зуҳри имрӯз дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич маросими ҷанозаи сарбоз баргузор шудааст.