ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ронандае, 12 рӯз пеш марди 42-соларо дар ҳудуди деҳаи Наврӯз, пахш карда аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд, боздошт шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки санаи 8-уми апрели соли соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳудуди деҳаи Наврӯз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саъдуллоев Баҳроми 42- cола, сокини ноҳияи Балхиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷа, шаҳрванд Саъдуллоев Баҳром ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидааст.
“Ронандаи номаълум бошад ҷои ҳодисаро тарк карда фирор намудааст”, - зикр кардааст манбаъ.
ВКД қайд кардааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Балхӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Кулилов Давлатхуҷа, сокини деҳаи Ахҷари ноҳияи Қубодиён, дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳози клормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро давом доранд.