ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Рӯзи аввали урдибиҳишт, 21 апрел дар тақвими расмии Эрон ба номи “Абу Муҳаммад Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ” мутахаллис ба Саъдӣ, соҳиби "Гулистон" ва "Бӯстон" мулаққаб ба "Шайхи аҷал" ва "Устоди сухан" номгузорӣ шудааст, афзудааст Собирӣ
"Самимона ин рӯзро ба тамоми алоқамандони Саъдии бузург, ба вежаи ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамкешу ҳамтабори тоҷик ва ҳамаи асҳоби адаб, ҳунар, фарҳангу маърифат табрик мегӯям", - изҳор доштааст сафир.
Собирӣ зикр намуд, ки Саъдии Шерозӣ дар солҳои аввали садаи ҳафтуми ҳиҷрӣ ҳудудан дар соли 606 баробар ба соли 1210 - и мелодӣ, дар шаҳри Шероз мутаваллид шуд ва пас аз касби таълимот, солҳои зиёдеро дар сафар ба шаҳрҳо ва кишварҳои ҷаҳон сипарӣ намуд.
“Ин шоир ва нависандаи бузурги порсигӯйи эронӣ бо ашъор ва насри зебову фасеҳ, андешаҳои сутург ва маорифи инсонӣ ва исломиро ба ҷаҳон арза ва то абад ҷовидона шуд”, - изҳор дошт ӯ.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки Саъдӣ бидуни тардид яке аз панҷ шоири тирози аввали забони порсӣ аст ва чор нафари дигарро низ ном бурд.
"Саъдӣ бидуни тардид яке аз панҷ шоири тирози аввали забони порсӣ аст, ки чаҳор тани дигарро касоне ҳамчун Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мавлавӣ ва Ҳофиз ташкил медиҳанд", - изҳор дошт Собирӣ.
Сафир таъкид намуд, ки густурдагӣ ва танаввӯъи осори Саъдӣ ӯро ба унвони суханвари тавоно бар тораки таърих нишонда ва ҳузури ҳамешагии вай дар миёни мардуму омезиши ӯ бо гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоъ, он ҳам ҷомеае фаротар аз марзҳои Эрон ва ҳатто маҳдудаи ҷуғрофиёии порсизабонон, таҷорибу огоҳие дар пай дошта ва ҳаловате ба каломи Саъдӣ бахшида, ки ҳеҷ гӯше онро бегона намеёбад ва ҳамагон шефтаву маҷзуби он мешаванд.
"Ғазалиёт ин шоири бузург дар "Бӯстон" ва каломи ширину насри бебадалияш дар "Гулистон" ҳамвора ҳаммонанди атри баҳор, сорӣ ва ҷорӣ асту бидуни шак паёмҳои эътидолӣ, инсондӯстона ва ахлоқмеҳвари Саъдӣ посухгӯи ҷаҳони окандаву хаста аз хушунату ифротгароии имрӯз аст", - илова намуд Собирӣ.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки Саъдӣ ва осори гаронбораш дер замонест, ки ҳофизаи таърихии ҷаҳонро музайян сохтааст ва ин ифтихори сутургу нодир аст, ки то имрӯзу ҳамешаи таърих мояи мубоҳоти порсизабонон аст.