Ҳамсари Чингиз Айтматов даргузашт: 78 сол дошт

Мария Айтматова расо 13 сол пас аз фавти ҳамсари худ навсисандаи машҳур Чингиз Айтматов, зиндагӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дар Қирғизистон ҳамсари нависандаи маъруфи Шӯравӣ Чингиз Айтматов, Мария Урматовна Айтматова даргузашт.
Хабари даргузашти Марияро фарзанди онҳо Элдар ба Sputnik Қирғизистон таъйид кардааст.
Гуфта мешавад, ҳамсари Айтматов дар бемористон фавтид ва феълан иллати марги ӯ норушан аст.
Чингиз Айтматов с женой и ребенком
Мария Айтматова 78 - сол дошт ва аз марги ҳамсари ӯ Чингиз Айтматов расо 13 сол сипарӣ гардидааст.
Чингиз Айтматов дар тӯли ҳаёти худ ба классики ёдшудаи адабиёти ҷаҳонӣ табдил ёфт. Аммо, дар айни замон, мувофиқи ёддоштҳои ҳамзамонон, ӯ як шахси сода ва мушфиқ буд.
Вай ду маротиба издивоҷ кард ва Мария ҳамсари дуюми ӯ буд. Дар издивоҷи дуюм Айтматов ва ҳамсари ӯ соҳиби ду фарзанд - Элдар ва Ширин шуданд