Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Эрон ба 67 ҳазорнафар расид

Теъдоди гирифторони коронавирус дар Эрон ба 2 миллиону 286 ҳазору 927 нафар расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мегӯяд, бо даргузашти 395 маризи нав аз коронаиврус теъдоди қурбониён ба 67 525 нафар расид.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 25 492 мавриди ҷадиди сироят шудани шаҳрвандон ба коронавирус сабт гардид, ки аз ин миён 3 365 нафар билфосила бистарии беморхона гардиданд.
Ораш Алоӣ гуфт, ки чаро Тоҷикистон ба коронавирус пирӯз шуду Эрон не
Бар асоси ин гузориш, маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба 2 миллиону 286 ҳазору 927 нафар расидааст.
Зимнан, Вазорати беҳдошти Эрон мегӯяд, то кунун 1 миллиону 810 ҳазору 531 нафар комилан шифо ёфтанд аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд.
Тибқи маълумоти ахир, то кунун дар ҷаҳон 142 миллион нафар олудаи коронавирус шуда, беш аз 3 миллион нафар ҷон аз даст доданд.