ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Муовини вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо муовини вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммадалии Фараҳнокиён дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мубодилаи афкор кардаанд.
"Аз ҷумла пайгирии иҷрои қарорҳои ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон ва омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии мазкур баррасӣ шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои афзалиятдошта баён доштанд.