ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ахиран, марзбонони Озарбойҷон дар наздикии деҳаи Газахлари ноҳияи Физулии Озарбойҷон ду вайронкунандаи марзи Озарбойҷон ва Эронро муайян карданд.
Дар Sputnik Озарбойҷон бо такя ба ин торномаи расмии Хадамоти давлатии марзбонии кишвар хабар медиҳад.
Задержанные на границе Азербайджана и Ирана лица
© STATE BORDER SERVICE OF AZERBAIJAN REPUBLIC
Боздоштшудагон шаҳрвандони Эрон Файзи Ёсир Наримон ва Ҳусейнпур Саҷҷоди Ҳасан буданд.
Дар ҷараёни боздошт марзбонони Озарбойҷон аз силоҳ истифода карданд, ки дар натиҷа яке қочоқбарон ҷароҳати сабук бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
"Ҳангоми кофтуков дар ҷои ҳодиса марзбонон 1159 ҳабб ва 78 адад дастгоҳҳои шабеҳи Costed Mikro Politedve-ро пайдо карданд", - гуфтанд дар Хадамоти давлатии марзбонӣ.
Задержанные на границе Азербайджана и Ирана лица
© STATE BORDER SERVICE OF AZERBAIJAN REPUBLIC
Инчунин, марзбонон сокинон Физулӣ Ҳусейнов Элшан Низомӣ ва Садддинов Улви Гисмет оглиро, ки барои вохӯрӣ бо марзшиканон ва гирифтани маводи мухаддир ба ҷои ҳодиса омада буданд, боздошт карданд.
Дар айни замон, амалҳои зарурии тафтишотии оперативӣ гузаронида мешаванд. Дар бораи ин ҳодиса ҷониби Эрон аллакай огоҳонида шудааст.