ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Додгоҳи Қрим падарандарро дар қатли духтарчаи панҷсола гунаҳкор дониста, ба панҷ соли зиндон маҳкум намудааст
Тибқи иттилои раёсати Кумитаи тафтишотии Қриму Севастопол, моҳи ноябри соли 2019 падарандари духтари бедаракшударо дар ноҳияи Раздолненски Қрим бо иттиҳоми куштори ӯ боздошт кардаанд. Манбаъ афзуд, зимни бозпурсӣ гуноҳашро иқрор кардааст.
"Бо қарори додгоҳи олии Қрим, мард дар қатли кӯдак гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад дар зиндони низомаш махсус маҳкум гардид", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ.
Ариза дар бораи бедарак шудани як духтарча дар ноҳияи Раздолненск ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 13 ноябри соли 2019 аз ҷониби падарандараш дода шуд. Мард изҳор дошта буд, ки бо писараш барои коре аз хона берун рафта буду духтарчаро дар хона маҳкам намуда буд. Падарандар нақл кардааст, ки вақте 12 ноябр баргашт, дари хона кушода буду аз духтар дараке наёфт.
Ҷустуҷӯи духтар натиҷае надод ва дар ниҳоят падарандар бо иттиҳоми қатли духтарча боздошт гардиду ҷои ҷасадро нишон дод.
Муфаттишон муайян кардаанд, ки падарандар духтархондашро кӯфта, аз тарси оммавӣ шудани ин кораш ӯро дар ҳаммом ғарқ кардааст. Бар асоси иттилои мақомот, сипас талош намудаст, ки бо писари хурдияш ба кишвари ҳамсоя равад, аммо ноил нашудааст. Баъдан ӯ ба мақомот муроҷиат кардааст то гумонҳоро аз худ дур созад.