Кушта шудани ҳашт узви як хонавода дар Нангарҳори Афғонистон ҳангоми намоз

Мақомоти Афғонистон мегӯяд, ин фоҷиа дар паи хусумати шахсӣ рух додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ҳашт узви як хонавода дар Нангарҳори Афғонистон ҳангоми адои намоз тирборон шуданд.
Бино ба гузориши волии Нангарҳор Зиёулҳақ Амирхел, ин ҳодисаи нохуш шоми шанбе рух додаст.
Ба нақли ӯ ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум дар шаҳри Нангарҳор, маркази вилояти Ҷалолободи Афғонистон ҳашт узви як хонавода кушта шуданд.
Таркиш дар назди пойгоҳи ҳавоии Багром дар Афғонистон: 30 нафар сахт маҷрӯҳ шуданд
Афроди кушташуда ҳангоми адои намоз дар яке аз масҷидҳои маҳаллаи нуҳуми шаҳри Ҷалолобод аз ҷониби ашхоси мусаллаҳи ношинос тирборон шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
"Дар ин ҳодиса панҷ писар ва се ҷияни Ҳоҷӣ Абдулваҳҳоб кушта шуданд ва баррасиҳои нахустин нишон медиҳанд, ки эҳтимол ин ҳодиса дар натиҷаи хусумати шахсӣ рух додааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки мақомот таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд.