ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Санаи 19 апрели соли равон таҳти роҳбарии Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.
Бар хабари манбаъ, дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32, ки 18 апрели соли 2021 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шудааст, ки бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” дар ҳавзаҳои интихоботии болозикр сенздаҳ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд.
Манбаъ қайд кардааст, мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихобот, овоздиҳӣ 18 апрели соли ҷорӣ аз соати 6-и субҳ то соати 20-и бегоҳ давом карда, дар асоси санадҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ҳавзаҳои якмандатаи интихоботии Ҷ.Расулов №16-84,31%, Деваштич №24-84,47%, Ҷ.Балхӣ №30 – 86,2% ва Вахш №32-85,6% интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда дар интихобот иштирок намуданд.
“Тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида баргузоршуда ҳисобида шуд”,- таъкид доштааст Бахтиёр Худоёрзода.
Зикр шудааст, ки дар асоси моддаи 48-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” дар интихоботи 18 апрели соли 2021 номзадҳо Файзулло Қосимӣ бо гирифтани 74,71% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Расулов №16, Исмоилиён Комрон Исмоилзода бо гирифтани 73,2% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Деваштич №24, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 65,9% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Балхӣ№30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 66,3% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.
Ҳамин тавр, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида ошкоро, шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардида, анҷом ёфт.