ДУШАНБЕ, 19 апрел - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2021 афзоиши якбораи истеҳсолоти саноатӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар.
Тибқи маълумоти вазорат, аз моҳи январ то март истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар бештар аз 8,2 миллиард сомонӣ (724,4 миллион доллар) будааст.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 17,4 дарсад ё 1,4 миллиард сомонӣ (қариб 122,4 миллион доллар) расид.
Дар Тоҷикистон, дар тӯли 15 соли охир бори аввал аст, ки ҳаҷми содирот бештар аз воридот шудааст.
Вазорати саноат тавзеҳ додааст, ки рушди якбораи истеҳсолот дар бахши саноати маъдан ва истеҳсолот, инчунин энергетика ба қайд гирифта шудааст.
Дар охири семоҳаи аввали соли 2021, ҳиссаи саноат дар сохтори ММД 22,8 дарсадро ташкил дод.