ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дилшод Раҳмон, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ, тағйирот ба қонун дар бораи судҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд, ки барканорӣ аз мақом барои иттилои дурӯғ дар бораи дороиро пешбинӣ кардааст.
“Минбаъд, судяе, ки дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ маълумоти бардурӯғ пешниҳод менамояд, аз вазифа бозхонд ё озод карда мешавад”, - таъкид кард Раҳмон.
Қаблан Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ изҳор дошта буд, ки “ворид намудани талабот вобаста ба пешниҳоди эъломияи даромад ва вазъи молумулкӣ аз ҷониби судя бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигар манфиати ғайрихизматӣ равона гардидааст”.
Бар асоси тағйирот, ки палатаи болоии парлумон қабул кард, раиси Суди Олӣ ва раиси Суди Олии иқтисодӣ дар доираи ваколат сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбарро ба кор қабул ва аз кор озод мекунанд, ба раисиҷумҳур дар мавриди шумораи судяҳо, сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳҳои судҳо пешниҳод ирсол менамоянд.
“Ҳалли масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судӣ ба зиммаи муовинони раиси Суди Олӣ, аз ҷумла раиси коллегияи ҳарбӣ, гузошта шуда, бо тағйир ба қисми 1 моддаи 63, салоҳияти раиси суди ҳарбии гарнизон дар самти ба кор қабул ва аз кор озод намудани хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии ғайринизомӣ ва хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ)-и суди ҳарбӣ, ба истиснои сардори шуъба, мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд, муайян карда шудааст”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Дилшод Раҳмон.
Қонуни ҷадид инчунин матни савганди судя ва ба таври мушаххас тартиби савгандёдкуниро муайян кардааст.