Хоҷаев – табиби сол ва Қурбонов беҳтарин ронандаи Душанбе эълон шуданд

Врачи в операционной, архивное фото
Шаҳрдории Душанбе беҳтарин табиб, беморхона, ҳамшираи шафқат ва беҳтарин ронандаю ширкатҳои мусофирбариро эълон намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Ғолиби озмуни “Табиби сол” - Хоҷаев Фирдавс, ҷарроҳи Маркази саломатии шаҳрии №15 эълон гардида, соҳиби 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид, хабар дод шаҳрдории Душанбе.
Шоира Абдуллоева аз Маркази саломатии шаҳрии №15 беҳтарин “Табиби оилавии сол” эълон гардид.
Азизова Хуршеда, ҳамшираи тиббии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ғолиби озмуни “Корманди миёнаи тибби сол” эълон гардида, соҳиби 4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ шудааст.
"Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ, ғолиби озмуни “Беморхонаи сол” дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, дар бахши беҳтарин корхонаи нақлиётӣ, Корхонаи коммуналии “Автобус-1”-и шаҳри Душанбе мақоми аввал 5 ҳазор сомонӣ гирифт.
Ширкати “Талко Персия” соҳиби зинаи дуюм ва 3000 сомонӣ ва ҷамъияти “Беҳруз-15” соҳиби ҷойи сеюму 2000 сомонӣ гардид.
Чествование лучших учеников Душанбе
Ба беҳтаринҳои маорифи Душанбе беш аз ним миллион сомонӣ тақдим шуд
Ғолиби озмуни “Беҳтарин ронанда” Қурбонов Бобоҷон Назарович аз корхонаи “Автобус-2” эълон шудаст, ки бо 3 ҳазор сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.
Зинаи дуюм насиби Ҳамидов Талабшоҳ Фатҳуддинович аз ҷамъияти “Сорбон-14” ва мақоми сеюм насиби Ҳалимов Акбар Абдусаломович аз ҷамъияти “Саёҳон” шуд, ки бо мукофотпулӣ ва диплом сарфароз шуданд.