Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон

Бозорравии раисони вилоят, шаҳр ва ноҳия дар Рамазон: хостори арзонии нархҳо шуданд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо муовинони худ ва раиси Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои огоҳӣ аз нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва шиносоӣ бо корҳои ободонӣ ба бозори марказии “Панҷшанбе” рафтаcт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода дар бозор пеш аз ҳама ба нархҳо таваҷҷуҳ карда, аз масъулин хост, дар моҳи шарифи Рамазон онро танзиму ба қадри имкон поён оваранд.
Ҷамъияти иттифоқи “Тоҷикматлубот”-и вилоят ва роҳбарияти бозор дастур гирифтаанд, ки бо ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшти гов ва гӯсфанд маҳсулотро аз нархи бозор арзонтар пешниҳод кунанд.
“Роҳбарияти вилоят ба роҳ мондани ҳамкориии судманд бо хоҷагиҳои молпарвариро муҳим арёзбӣ намуд ва додани имтиёзотро ба чунин фурӯшандагони маҳсулоти арзон дастур дод”, - изҳор дошт котиботи шаҳрдорӣ.
Таъкид шудааст, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон 20-30 фисад арзон карда шавад. Ин иқдоми тоҷирон ба баракати савдо ва хонадони онҳо оварда мерасонад.
Раиси вилояти Суғд аз растаи биринҷфурӯшон ва дигар маҳсулоти донагӣ боздид намуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки барои зиёд намудани кишти биринҷҳои навъи аълои бозоргир тадбирҳо андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ бояд кард то нархҳо дар бозор паст шавад - видео
Раҷаббой Аҳмадзода дар пайи шинос шудан бо нархҳо даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани маҳсулот ва поён фаровардани нархи он саъй намоянд.
Амалан ин боздиду даъватҳои раисон то куҷо ба нархҳо дар бозор таъсир хоҳанд кард, рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд инчунин барои тезонидани корҳои ободонии бозори “Панҷшанбе” 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикисnон дастур дода, изҳор дошт, ки бозор оинаи шаҳр аст, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз бозор боздид мекунанд ва он бояд ҳамеша тозаву ороста ва ободу зебо бошад.