ДУШАНБЕ, 16 апрел - Sputnik. Сомонаи Ҳукумати Русия эъломияи дороиҳои Михаил Мишустинро барои соли 2020 нашр кардааст, ки он ба 19,9 миллион рубл расидааст.
Гуфта мешавад, маълумотҳо дар бораи даромад, хароҷот ва амволи аъзои ҳукумат дар соли ҳисоботии молиявӣ аз 1 январ то 31 декабри соли 2020 нашр кард.
Ин дар ҳолест, ки даромади президенти Русия Владимир Путин дар соли гузашта 9,994 миллион рубл эълом шудааст, ки ин нисбат ба соли 2019 тақрибан 270 ҳазор зиёд аст.
Мишустин раҳбарии ҳукуматро аз нимаи моҳи январи соли гузашта сарварӣ мекунад, пеш аз он вай Хадамоти федералии андозро идора мекард.
Тибқи эъломияҳои қаблӣ, дар соли 2018 даромади ӯ 18,9 миллион рубл ва дар соли 2019 - 18,2 миллион рублро ташкил додааст. Пеш аз он, ӯ якчанд сол дар тиҷорат кор кардааст. Қаблан хабар дода мешуд, ки соли 2010, ҳангоми гузаштан ба хизмати давлатӣ, ӯ дороиҳояшро ба ҳамсараш интиқол додааст.
Даромади вай барои соли 2020 63,9 миллион рублро ташкил дод. Як сол пеш, ин нишондиҳанда ба 54,8 миллион рубл баробар буд.
Гуфта мешавад, ҳоло дар ихтиёри сарвазир мисли пештара, як манзилро бо масоҳати 141,6 метри мураббаъ, инчунин як қитъаи замин ва як бинои истиқоматӣ бо масоҳати 861 метри мураббаъ мебошад. Аммо ҳама амволи ғайриманқул ба номи зан ва писари ӯ сабт шудааст. Зани сардори ҳукумат соҳиби мошини Ford Kuga мебошад.
"Ин маблағ аз даромад аз ҷои кори асосӣ ва даромад аз пасандозҳои маблағҳое иборат аст, ки қаблан сарвазири Федератсияи Русия ба даст оварда буд", - гуфтаанд дар ҳукумат.
Қайд шудааст, ки Мишустин то ба хизмати давлатӣ омадан якчанд сол дар соҳаи тиҷорат кор кардааст.
"Замони расидан ба мансаби раҳбари Хадамоти федералии андозр, ӯ дороиҳояшро ба идораи ҳамсараш супурд", - гуфт сухангӯй.
Даромади зани нахуствазир дар соли 2020, ки 63,9 миллион рублро ташкил медиҳад, ки даромад аз пасандозҳо дар бонкҳоро гуфта мешавад.
Мишустин ҳукуматро дар нимаи моҳи январи соли гузашта сарварӣ мекунад, пеш аз он вай Хадамоти федералии андозро роҳбарӣ мекард. Тибқи эъломияҳои қаблӣ, дар соли 2018 даромади ӯ 18,9 миллион рубл ва дар соли 2019 - 18,2 миллион рублро ташкил додааст.
Мишустин аз соли 2010 то 2020 хадамоти андозро роҳбарӣ мекард ва қабл аз он машғули тиҷорат буд. Қаблан хабар дода мешуд, ки соли 2010, ҳангоми гузаштан ба хизмати давлатӣ, ӯ дороиҳояшро ба ҳамсараш интиқол додааст. Даромади завҷаи ӯ барои соли 2020 63,9 миллион рублро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 54,8 миллион рубл баробар буд.